Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгари тоҷик хонаи ду ҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгари ҷавон – дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ калиди хонаи ду ҳуҷрагиро ба тамоми шароити рӯзгор тӯҳфа намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз 07 то 12 августи ҷорӣ дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг. тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳон миёни наврасонро  соҳиб гардад. 

Дар таърихи варзиши  ҷудои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг. октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд. Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору  муваффақият таманно намуда, иброз доштанд, ки ҷавонон имрӯз ояндаи кишвар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.  

Манбаъ: dushanbe.tj