БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри имконоти рушди сайёҳии устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «Пойтахти Тоҷикистон ҳамчун маркази тамаддуни илму фарҳанг ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият  оғоз намудани корхонаю ширкатҳои гуногун, бунёду таҷдиди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ, навсозии пулу роҳҳо ва боғҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бидуни муболиға Душанберо ба пойтахти муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд». Имрӯз Душанбе натанҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. 

Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат  менамояд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш пурра навсозӣ гардиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.  

Яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст. Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассуми сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунанд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.