Иштироки Аминҷони Абдулфайёз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон

Аз 24 то 28 август дар кишвари Босния ва Ҳерсоговина Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон баргузор мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он танҳо Аминҷони Абдулфайёз намояндагӣ мекунад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон варзишгарон аз 6 қитъаи олам иштирок мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа 484 варзишгар аз 60 кишвар аз рӯи 16 вазн (8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон) ширкат варзанд.