Баррасии рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

Тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», мубодилаи афкор намуданд.